ТАЪСИСИ 679 АДАД ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНӢ

Январь 21, 2009 11:30

               Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар нишасти матбуотие, ки дар Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор гардид, директори он Маҳмадтоир Зокиров аз фаъолияти яксолаи кори Агентӣ ҳисобот дод.              Гарчи ҳисобот то дараҷае таҳлилӣ набуд, аммо рақамҳои овардашуда, аз кори хуби Агентӣ далолат мекард.Агентӣ дар соли 2008 дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 26-уми январи соли 2008 «Дар бораи таҷдид ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ дар соли 2008» ба роҳбарӣ гирифта, дар асоси нақша таҷдид ва ислоҳоти 30 ташкилоту корхонаҳои кишоварзиро ба анҷом расонид. Дар заминаи хоҷагиҳои таҳти ислоҳот қарордошта, 679 адад хоҷагиҳои нави деҳқонӣ таъсис дода шуд.             Дар давоми фаъолияти яксолаи Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 7560 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор карда шуда, барои ислоҳи он ба идораҳои марбута санадҳо ирсол карда шудааст.

Январь 21, 2009 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад