ТЕАТРИ ЛУХТАКИ БА НОМИ ОБРАЗЦОВА БОРИ АВВАЛ БА ОСИЁИ МАРКАЗӢ САФАР МЕКУНАД

Январь 19, 2009 14:10

         Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова).- Соли равон ҳунарпешагони  Театри лухтаки ба номи Елена Образцова бори аввал дар озмуни ҳарсолаи театрии  «Парасту» иштирок хоҳанд кард. Ҳунарпешагони тетар намоишномаи «Консерти ғайримуқаррарӣ » — ро  ба тамошобинони тоҷик пешкаш менамоянд. Бояд гуфт, ки  театри мазкур дар байни тамошобинон бо ҳамин намоишнома машҳур гардидааст. Ҳунарпешагони он баъди анҷоми озмун ба  сафари ҳунарии  шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон мебароянд. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки  Театри лухтаки шаҳри Душанбе соли гузашта дар шаҳри Маскав дар Ҷашнвораи байналхалқии  театрҳои лухтак ширкат варзида буд. Дар ҳамон ҷо  байни  Театри лухтаки шаҳри Душанбе ва театри лухтаки ба номи Е.Образцова дар бораи  сафарҳои ҳунарӣ қарордоди ҳамкорӣ имзо карда шуд. Ҳунарпешагони театр моҳи апрел ба Тоҷикистон меоянд.

Январь 19, 2009 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид