ТЕЪДОДИ ЗИЁДИ ЗАНОН ДАР ВАЗИФАҲОИ РОҲБАРИКУНАНДА КОР МЕКУНАНД

Январь 16, 2009 15:22

           Душанбе, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова).- Дар ҷараёни нишасти матбуотии дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ баргузоргардида, зикр шуд, ки  айни ҳол дар вазифаҳои роҳбарикунандаи мамлакат 16 ҳазору 236 нафар кор мекунанд,ки  3 ҳазору 915 нафари онҳо занон мебошанд. Кумита соли гузашта масъалаи иҷрои  қарорро  дар бораи  тарбия, интихоб ва  ба вазифаҳои  роҳбарикунанда  таъин намудани занону духтарони боистеъдод  баррасӣ намуда, 800  нафар занон ва духтарони болаёқатро  барои ишғоли чунин вазифаҳо пешбарӣ кард. Қайд карда шуд ки соли гузашта мувофиқи имтиёзҳои  муқаррарнамудаи Президенти ҷумҳурӣ ба мактабҳои олӣ 1007 донишҷӯ қабул шуд, аз ин ҷумла 550 нафар духтарон мебошанд.

Январь 16, 2009 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад