ТЕЛЕВИЗИОНИ «ҶАҲОННАМО» ҚАРОР ДОДААСТ, КИ ИМСОЛ ДАР АЛҶАЗОИР БУНГОҲИ

Январь 20, 2009 15:13

                 Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Баҳри ислоҳи камбудӣ дар пахши нокифояи барномаҳои Телевизионҳои «Сафина», «Баҳористон» ва «Ҷаҳоннамо» Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ният дорад, ки дар соли 2009 ҳудуди пахши барномаҳои ин шабакаҳоро зиёд намояд. Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар соли 2008 раиси Кумитаи телевизион ва радио Асадулло Раҳмонов хабар дод. Ӯ зикр намуд, ки танҳо дар моҳи март дар як қатор минтақаҳои зичаҳолии ҷумҳурӣ 35 адад фиристандаҳои пуриқтидор насб карда мешавад. Аз рӯи лоиҳа, то соли 2015 барномаҳои шабакаҳои радиотелевизиониро дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ тамошо хоҳанд кард.                 Имрӯз 99% — и алоҳӣ имкони тамошои барномаҳои Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистонро доранд, дар ҳоле, ки наздики 40 сол ҳамагӣ 77% — и аҳолӣ бо барномаҳои ин шабака таъмин буданду халос.                 Асадулло Раҳмонов дар бораи натиҷаҳои соли гузашта маълумот дода, қайд намуд, ки дар давоми соли 2008 барои пахши барномаҳои телерадиоӣ ҳамагӣ 65 адад фиристандаҳои нав гузошта шуданд. Яке аз комёбиҳои назарраси соли сипаригаштаи Кумита дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти байналхалқии алоқаи кайҳонии «Интерспутник» таъсис додани Корхонаи муштараки «Исател» мебошад, ки самти асосии фаъолияти он хизматрасонии алоқавӣ дар ташкили каналҳои радифии байналхалқӣ ва ҷумҳуриявӣ дар Ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, қаламрави мамлакатҳои Аврупо, Африқо, Шарқи наздик ва Осиёи Миёна мебошад.                Имрӯз ҶСК «Телерадиоком» ягона операторест, ки воситаҳои рӯизаминии алоқаи радифро барои пахш намудани барномаҳои радиотелевизионӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ пурра ба ӯҳда дорад. Маҷмӯи фиристандаҳои он дар мавҷи мутавассит қудрати пахши радиобарномаҳоро ба тарафи Ҳиндустон, Индонезия, Покистон, Афғонистон, Эрон ва мамлакатҳои нимҷазираи Араб дорад.                 Воситаи таҷҳизоти техникии телевизионӣ дар соли ҷорӣ 29634922 соат фаъолият намуданд. Дар соли 2008 ҷиҳати пахши барномаҳои шабакаи иттилоотии телевизиони «Ҷаҳоннамо» каналҳои интиқолкунанда ба воситаи хатҳои радиорелегӣ то вилоятҳои Хатлон ва Суғд насб карда шуданд.                 Дар соли 2009 Кумита ният дорад, ки дар кишварҳои хориҷ фаъолияти марказҳои иттилоотии худро ба роҳ монад. Аз ҷумла, телевизиони «Ҷаҳоннамо» қарор додааст, ки дар давоми сол дар Алҷазоир як бунгоҳи хабарӣ кушояд. Ба ин васила байни ТВ «Ҷаҳоннамо» ва телевизиони давлатии Алҷазоир мубодилаи иттилоот сурат хоҳад гирифт.

Январь 20, 2009 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид