ТЕЛЕВИЗИОНИ «САФИНА» НОВЕЛЛАҲОИ НАВИ ТЕЛЕВИЗИОНИРО БА НАВОР МЕГИРАД

Январь 14, 2009 16:15

          Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имрӯз дар муассисаи давлатии  телевизиони  «Сафина»  бахшида ба натиҷаҳои фаъолияти он дар соли 2008 нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Директори муассиса Маҳмадсаид Пиров ба хабарнигорон гуфт, ки соли гузашта  чор филми  телевизионӣ ба навор гирифта шуд.        Аз ҷумла филми нави  «Қиссаи  орзуҳои осмонӣ» дар кинотеатрҳои пойтахт ва ноҳияҳои тобеи марказ пешкаши тамошобинон гардонида шуд. Кормандони телевизион айни ҳол таҳияи филми «Пуштаи хандақпӯш»  — ро аз рӯи  намоишномаи Муҳаммад Ғоиб ва  филми «Мӯза»  — ро аз рӯи намоишномаи Юнус Юсуфов  ба анҷом мерасонанд. Қайд карда шуд, ки  дар давоми соли  2009 дар Муассисаи давлатии телевизиони  «Сафина» камаш  даҳ новеллаи нави телевизионӣ ба навор гирифта мешавад. Мо ҳамчунин таҳияи силсилаи нави филмҳои  таърихию мустанадро ба нақша гирифтаем.  Ба таҳияи онҳо яке аз коргардонони маъруфи хориҷӣ ҷалб карда мешавад, гуфт М. Пиров.

Январь 14, 2009 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид