«ТОҶИК-ЭЙР» «ТОҶИКСУҒУРТА»-РО БА ТАШВИШ ОВАРДААСТ
Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — «Имрӯз мо тамоми имкониятҳоро фароҳам меоварем, то ки таваҷҷӯҳи сокинони ҷумҳуриро нисбат ба Ширкати давлатии «Тоҷиксуғурта» зиёд кунем. Чӣ тавре, ки дида истодаем, ҳодисаҳои сӯхтор дар бозорҳо ё садамаҳои нақлиётӣ рӯй медиҳанд, бинобар ин дар ҳолати рух додани ин гуна ҳодисаҳо ва суғуртаи молу амвол доштани зарардидагон мо метавонем молу амволашонро ҷуброн намоем. Вале, имрӯз дар ҷумҳурии мо шахсони молу амволашонро суғурта мекардагӣ каманд», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ 20 январ, раиси Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон «Тоҷиксуғурта» Муҳибалӣ Сафаров. Номбурда афзуд, ки аз роҳбарони вазоаратҳо, раисони бонкҳо сар карда то мардуми бозорнишин ба суғуртакунӣ майлу хоҳиш надоранд. Дар давоми соли сипаригардида, ҳодисаҳои сӯхтор дар бозори «Корвон», бозори «Шоҳмансур», дар Маркази савдои «Садбарг», Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон рух дод, ки аз сабаби надоштани суғурта мо қариб, ки ба онҳо ёрӣ расонида натавонистем. Фақат ба якчанд нафар савдогари бозори «Шоҳмансур», ки ба маблағи 2 сомонӣ суғурта карда буданд, ёрӣ расонидему халос. «Дар ҳолати рух додани ягон ҳолати садамавӣ кормандони мо ҳатто ба беморхона рафта ба он шахсоне, ки суғурта доранд ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ ёрӣ мерасонанд», — идома дод, М. Сафаров. Ширкати «Тоҷиксуғурта» имрӯз бо 5 ҳазор хоҷагии ёрирасони кишорварзӣ оид ба суғуртакунӣ гуфтушунидҳо дорад. Имрӯз ягона масъалае, ки моро ба ташвиш овардаст ин напардохтани қарзи КВД «Тоҷик-Эйр» ба маблағи 14 миллион сомонӣ ва КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба маблағи зиёда аз 620 ҳазор сомонӣ мебошад. Дар ин бора Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мавҷуд аст, вале то имрӯз ин масъала ҳалли худро наёфтааст.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






