ТОҶИКИСТОН ДАР НАМОИШГОҲИ КИТОБИ БЕЛОРУСИЯ ШИРКАТ МЕВАРЗАД

Январь 30, 2009 16:59

                     Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Аз 11 то 15 феврал дар шаҳри Минск таҳти унвони «Китобҳои Белорусия — 2009» намоишгоҳи байналхалқии китоб баргузор мегардад. Дар ин намоишгоҳ Тоҷикистон низ ширкат хоҳад варзид.                     Хабар дода мешавад, ки адибон ва ноширони тоҷик дар мизи мудаввари байналхалқӣ ширкат меварзанд, ки дар шаҳри Минск бо ташаббуси муассисаи нашрияи «Адабиёт ва ҳунар» гузаронида мешавад.                    Сардори раёсати нашриёту полиграфияи вазорати фарҳанг Мирзобадал Бадалов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар намоишгоҳи Минск 150 номгӯй китобҳои чопи нашриётҳои «Ирфон», «Маориф» ва «Адиб» пешкаши тамошобинон гардонда мешаванд. Ин китобҳо дар давоми соли 2008 чоп шудаанд.                    Инчунин дар доираи намоишгоҳ Баёзи чорҷилдаи «Намунаҳои эҷодиёти шоирону нависандагони Белорусия» ба забони тоҷикӣ пешкаши харидорон гардонда хоҳад шуд.                                                                                                                                 Тарҷумон — Қудратов А.

Январь 30, 2009 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд