ТОҶИКИСТОН ФАЪОЛИЯТИ РАВИЯИ ДИНИИ «САЛАФИЯ»-РО ҒАЙРИҚОНУНӢ ДОНИСТ
Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- 8 январи соли 2009 дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии муовини аввали раиси Суди Олӣ Наим Мансуров парвандаи гражданӣ аз рӯи даъвои Прокуратураи генералӣ ба манфиати ҳимояи сохти конститутсионӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид. Аз маркази матбуоти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки бо ҳалномаи Суди Олӣ аз 8 январи соли 2009 баҳри таъмини ҳимояи асосҳои сохти конститутсионӣ, амнияти ҷумҳурӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, пешгирии ҳолатҳои барангехтани кинаву адоват, низои миллӣ нажодӣ, маҳалгароӣ, динӣ ва паст задани шаъну эътибори миллӣ, фаъолияти равияи динии «Салафия» ҳамчун ғайриқонуни амалкунанда эътироф карда шуда, фаъолияти он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд. Ҳамзамон бо ҳалномаи мазкур ба ҳудуди ҷумҳурӣ бо мақсади тарғибу ташвиқи ғояҳои «Салафия» ворид ва паҳн намудани аудиовидеосабтҳо, адабиёт ва варақаҳои он низ манъ карда шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






