ТОҶИКИСТОНУ МИСР ҲАМКОРИИ ПАРЛУМОНИРО БА РОҲ МЕМОНАНД

Январь 26, 2009 16:48

                  Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Роҳҳои тақвияти ҳамкории мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мисри Араб зимни мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Вазири ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Мисри Араб хонум Фоиза Абуннаҷо, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи нахустини Комиссияи муштараки иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникии Тоҷикистону Миср ба Душанбе омадааст, баррасӣ гардиданд.                 Маҳмадсаид Убайдуллоев гуфт, ки ташрифи феълӣ, ки баҳри татбиқи ташаббусҳои созандаи роҳбарони ҳарду давлатҳо оид ба густариши робитаҳои мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ равона гардидааст, дар марҳилаи кунунии муносибатҳо фоли нек аст. Тавассути он имкон фароҳам хоҳад гашт, ки ба ин васила омӯзиши масоили ҳамкориҳои гуногуни ҷавобгӯи ҳадафҳои ҷонибҳо ба таври воқеӣ сурат гирад. М. Убайдуллоев афзуд, ки Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пиёдасозии ҳадафҳои созандаи Роҳбарияти олии мамлакат бо Ҷумҳурии Мисри Араб омода буда, тамоми потенсиали мавҷударо, аз ҷумла барои рушди муносибатҳои байнипарламентӣ равона хоҳад сохт.                     Фоиза Абуннаҷо паёми Раиси Маҷлиси Шӯрои Ҷумҳурии Мисри Араб Сафват аш-Шарифро ба унвонии М. Убайдуллоев ироа карда, гуфт, ки баргузории ҷаласаи Комиссияи муштараки иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Миср қадами муҳимест дар роҳи тарҳрезии ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва техникии ҳарду кишвар.                    Ҷонибҳо роҷеъ ба тақвияти ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Миср табодули назар карданд. Зикр шуд, ки Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ бо созмонҳои ҷаҳонию минтақавии парлумонӣ робитаҳои судмандро бо Маҷлиси Шӯрои Ҷумҳурии Мисри Араб ба роҳ монда, онро густариш хоҳад дод.                    Тибқи иттилои ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шавкат Саидов, Маҳмадсаид Убайдуллоев ба кори нахустин ҷаласаи Комиссияи муштараки байнидавлатии Тоҷикистону Миср комёбӣ хоста, нақши сулҳофарии Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Ҳусни Муборакро ҷиҳати ҳалли қазияи Фаластину Исроил хирадмандӣ ва иродаи бузурги сиёсӣ арзёбӣ кард.   

Январь 26, 2009 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад