«ТОҶИКМАТЛУБОТ» АЗ ХОРИҶ 8,5 МИЛЛИОН СОМОНӢ МОЛУ МАҲСУЛОТ ВОРИД КАРД
Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Иттифоқи «Тоҷикматлубот» дар давоми соли 2008 ба маблағи 8,5 миллион сомонӣ молу маҳсулот ва таҷҳизоти истеҳсолӣ ворид кард. Раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Сироҷиддин Валиев дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар ин давра аз хориҷи кишвар 130 тонна равғани растанӣ, 2 ҳазору 636 тонна орд, 6 ҳазору 991 тонна ангиштсанг, 60 тонна картошка, 10 тонна собуни хоҷагӣ ва 58 тонна семент ворид карда шуд. «Дар соли 2008 ҳаҷми хариди маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба соли 2007 афзоиш ёфт. Дар ин муддат 3 ҳазору 142 тонна картошка, 4 ҳазору 258 тонна сабзавот, 2 ҳаззору 95 тонна маҳсулоти ғаллагӣ ва 1 ҳазору 151 тонна зироатҳои полезӣ харидорӣ шуд», — идома дод С. Валиев. Бояд тазаккур дод, ки дар соли 2008 аз ҷониби «Тоҷикматлубот» тибқи шартномаҳои тарафайн аз хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ ва дигар истеҳсолкунандагон 44,9 ҳазор тонна маҳсулот дар ҳаҷми 33,4 миллион сомонӣ харид карда шуда, пешакӣ барои ҳавасмандии онҳо 30 фоиз аз ҳаҷми умумии маҳсулот пешпардохт шудааст.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






