«ТОҶИКСТАНДАРТ» ДАР БОЗОРҲОИ НАЗДИСАРҲАТӢ ФАЪОЛИЯТАШРО ПУРЗӮР МЕНАМОЯД

Январь 7, 2009 13:49

           Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо мақсади ташхиси маводи хӯрока дар бозорҳои наздисарҳатии байни Тоҷикистону Афғонистон дар минтақаи Бадахшон озмоишгоҳҳо таъсис дода мешавад. Роҳбари маркази матбуоти Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Абдуваллӣ Абдуллоев ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки ҳадафи аслии ин иқдом ҷилавгирӣ аз содироту воридоти маводи хӯрокаи пастсифат ва барои саломатӣ заровар буда, бо ин мақсад зиёда аз 100 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти махсус харидорӣ мешавад. Лозим ба ёдоварист, ки дар давоми соли 2008 дар озмоишгоҳи минтақаи ВМКБ 424 намунаи маҳсулоти хӯрокворӣ ташхис шуда, зиёда аз 20 намуди он бо сабаби ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯй набудан аз муомилот бароварда шуданд.

Январь 7, 2009 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид