«ТОҶИКСТАНДАРТ» РАДАРҲОИ БДА-РО ТАШХИС МЕКУНАД
Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — То моҳи марти соли ҷорӣ дар Тоҷикистон озмоишгоҳи ташхиси дастгоҳҳои андозагирии суръати ҳаракати нақлиёт (радар) насб карда мешавад. Дар ин бора директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Ҳотамов дар ҳайати мушовараи Агентӣ 9 январ, ба масъулин супориш дод.Д. Ҳотамов зикр кард, ки имрӯз дар баъзе ҳолатҳо кормандони БДА бе асос дар пасхамҳо истода мошинҳоро манъ мекунанд, ки гӯё ронандагони онҳо суръати қоидаи роҳро вайрон карда бошанд. «Ҳол он ки, маълум нест худи дастгоҳҳои суръатсанҷ дуруст кор мекунанд ё не. Аз ин рӯ, масъулин вазифадор карда мешаванд, ки дар давоми ду моҳ озмоишгоҳи ташхиси дастгоҳҳои андозагирии суръати ҳаракати нақлиётро дар ҷумҳурӣ насб намоянд», — тазаккур дод директори Агентии «Тоҷикстандарт». Инчунин, Д. Ҳотамов қайд кард, ки мо – кормандони Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» бояд соҳибкоронро омӯзонем, на ин ки онҳоро бо ҳар гуна восита аз иқдоми гирифтаашон дилсард созем ва бо ин садди роҳи рушди соҳибкорӣ ва баланд рафтани иқтидори иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ гардем. Ҳадафи аслии ба санҷишҳо моратория эълон намудани Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар ҳамин аст, ки санҷишҳои беасоси мақомоти назоратӣ аз байн бурда шаванд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






