«ТОҶИКСТАНДАРТ» СОҲИБКОРОНРО МЕОМӮЗАД

Январь 23, 2009 10:24

                 Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо мақсади ба меъёрҳои байналхалқӣ ва стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудан ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо дар давоми соли 2008 Агентии «Тоҷикстандарт» дар якҷоягӣ бо ҶСК «Интурист — Тоҷикистон», Фонди миллии «Шоҳроҳи абрешим» ва мактаби миллии Туризм курсҳои кӯтоҳмуддати «Пешхизмати тарабхона» ва «Корманди меҳмонхона»-ро ташкил карда гузарониданд, ки 133 нафар шунавандагони курсҳои номбурда соҳиби маълумоти касбӣ гардиданд.                Дар Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфтанд, ки дар асоси талабу дархостҳои соҳибкорон чунин курсҳои кӯтоҳмудат дар назди корхонаҳо низ гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, дар назди тарабхонаҳои «Престиж», «Ёқут» ва ошхонаи «Лаззат»-и шаҳри Душанбе чунин омӯзишҳо гузаронида шуда, 35 нафар шунавандагони он баъди супоридани имтиҳон соҳиби сертификати касбӣ гардиданд.                 Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар давоми соли 2008 Агентии «Тоҷистандарт» барои таҷрибаомӯзӣ дар хориҷи кишвар 69 сафар ташкил намуд, ки 26-тои он иштирок дар курсҳои омӯзишӣ буд. Дар ин замина ду нафар мутахассиси шӯъбаи ваколатдиҳӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон курси кӯтоҳмуддати омӯзиши стандартҳои байналмилалиро хатм намуда, соҳиби сертификати байналмилалӣ гардиданд.   

Январь 23, 2009 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид