«ТОҶИКСУҒУРТА» 5 МИЛЛИОНУ 473 ҲАЗОРУ 200 СОМОНИ ҶУБРОНИ ТАЛАФОТ ДОДАСТ

Январь 20, 2009 14:35

               Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — «Дар соли сипаригардида Ширакати давлатии Суғуртаи Тоҷикистон «Тоҷиксуғурта» ба 12 ҳазору 604 шахсоне, ки ба молу амвол ва саломатиашон осеб расидааст ба маблағи 5 миллиону 473 ҳазору 200 сомонӣ ҷуброни талафот додаст», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси ширкати мазкур Муҳибалӣ Сафаров 20 январи соли равон.               Ӯ ҳамчунин иброз дошт, ки дар соли сипаригардида ширкати мазкур аз рӯи 36 намуди суғурта ба аҳолӣ хизмат расонд, ки аз он 13 намудашро суғуртаи ҳатмӣ ва 23 намудашро суғуртаи ихтиёри ташкил медиҳад. Дар ин муддат аз рӯи суғуртаи ҳатмӣ 103,1 фоиз ва аз рӯи суғуртаи ихтиёрӣ 135,7 фоиз пардохт ворид шудааст.               Қобили зикр аст, ки дар давоми соли 2008 Ширкати мазкур ба 817 ҳазору 800 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ шартномаи суғуртавӣ баст, ки аз ин 223 ҳазору 800 адад шартнома аз руи суғуртаи ҳатмӣ ва 549 ҳазору 700 тоаш аз рӯи суғуртаи ихтиёрӣ баста шуд.

Январь 20, 2009 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид