ТВТ ФИЛМИ «ИМОМ ҲАНИФА НӮЪМОН»-РО НАМОИШ МЕДИҲАД

Январь 28, 2009 15:15

               Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯзҳо гурӯҳе аз мутахассисони тоҷик дар Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон филми 9 сериягии «Имом Ҳанифа Нӯъмон»-ро аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума менамоянд.                Ин филм аз ҷониби Президенти Мисри Араб Ҳусни Муборак ба мардуми Тоҷикистон ҳадя шудааст. Филмро зимни сафари худ ба Душанбе вазири Мисри Араб оид ба ҳамкории байналхалқӣ Фоиза Абӯнаҷо ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонид.                Бояд зикр кард, ки филми мазкур роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти Имоми Аъзам ҳикоят карда, онро коргардони мисрӣ Ҳасомуддин Мустафо наворбардорӣ кардааст. Нақши Имоми Аъзамро ҳунарманди маъруфи Мисри Араб Босим Баҳоуддин бозидааст.                Бино ба иттилои роҳбарияти Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон бо дастури Сарвари давлат ин филм дар муддати кӯтоҳтарин тарҷума ва ба мардум намоиш дода мешавад.

Январь 28, 2009 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар