УБАЙДУЛЛОЕВРО БА ҚАЗОҚИСТОН ДАЪВАТ КАРДАНД

Январь 29, 2009 11:48

                  Душанбе, 29 января.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Масъалаи тақвияти ҳамкории гуногунсоҳаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҷараёни мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулатип Ахметов баррасӣ гардиданд. М. Убайдуллоев А. Ахметовро ба муносибати ба ҳайси сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданаш шодбош гуфта, ба фаъолияти дипломатиаш комёбиҳо таманно кард.                   М. Убайдуллоев таъкид кард, ки новобаста аз муносибатҳои бародарию дӯстона байни халқҳои ҳарду кишвар, ки аз қаъри асрҳо сарчашма мегиранд, феълан сиёсати созандаи сарони ҳар ду давлат имкон ва шароит фароҳам овардааст, ки муносибатҳо дар фазои соҳибистиқлолии ҷумҳуриҳо дар сатҳ ва тарҳи нави ҷавобгӯи талаботи ниёзи ҳар дуҷониб вусъат ёбад.                 Ҳамзамон, М. Убайдуллоев зикр сохт, ки кӯмаки Қазоқистон ба Тоҷикистон, ки аз маҳсулоти орду ғалла ва сӯзишворӣ иборат аст, дар марҳилаи кунунӣ, новобаста аз мушкилоти бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ, нишонаи устувории паймонҳои бародарӣ мебошад. Фазои мусоиди робитаҳои дӯстона метавонад бо истифода аз потенсиали сафирон- фиристодагони боэътимоди ҷонибҳо бештар таҳким ёфта, ҳамкории мутақобилан судманд дар сатҳи парламентӣ, доираҳои соҳибкорию тиҷорӣ бо татбиқи нақшаҳои мушаххаси бархӯрди ҳадаф ва манофеи тарафҳо нек равнақ ёбанд.               Сафири Қазоқистон омодагии хешро барои андешидани тадбирҳои воқеӣ ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Сарони ҳар ду давлатҳо дар густариши муносибатҳои гуногунҷабҳаи дӯстона баён дошт.               Мавсуф пешниҳод кард, ки сафарбарии потенсиали парламентҳои кишварҳо ва таҷрибаи мавҷудаи онҳо дар татбиқи воқеии созишномаву қарордодҳои то ба имрӯз дар сатҳи давлативу ҳукуматӣ ба имзорасида мувофиқ ба мақсад аст. Ҷониби Қазоқистон омодааст, афзуд А.Ахметов дар ин самт ҳамчун иқдоми нахустин дар моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри Остона мулоқоти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Қазоқистонро баргузор намояд. Дипломати қазоқ М.Убайдуллоевро даъват кард, ки бо мақсади тақвияту густариши робитаҳои байнипарлумонӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафари расмӣ анҷом диҳад.  

Январь 29, 2009 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид