ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК СОЛИ 2008 ДАР МУСОБИҚОТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ 217 МЕДАЛ ОВАРДАНД
Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).-Варзишгарони тоҷик соли 2008 дар мусобиқоти ҷаҳониву байналмилалӣ 217 медал, аз ҷумла 57 тилло, 58 нуқра ва 102 биринҷӣ ба даст оварданд, ки ин нисбат ба соли 2007–ум 37 адад зиёд аст. Ин нуқтаро зимни нашасти матбуотии солона 12 январ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов иброз намуд. Ӯ афзуд, ки дар асоси нақшаи тақвимии соли 2008-ум 100 чорабинии варзишӣ, 75 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва 25 Чемпионати ҷумҳурӣ дар байни наврасон ва ҷавонон дар марказ ва минтақаҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки дар онҳо зиёда аз 30 ҳазор нафар ширкат варзиданд. «Дар соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ барои гузаронидани ин чорабиниҳо 2,531 850 сомонӣ ҷудо шуд», -гуфт дар хотима М.Неъматов.








Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд






