ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК СОЛИ 2008 ДАР МУСОБИҚОТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ 217 МЕДАЛ ОВАРДАНД

Январь 12, 2009 14:14

            Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).-Варзишгарони тоҷик соли 2008 дар мусобиқоти ҷаҳониву байналмилалӣ 217 медал, аз ҷумла 57 тилло, 58 нуқра ва 102 биринҷӣ  ба даст оварданд, ки ин нисбат ба соли 2007–ум 37 адад зиёд аст. Ин нуқтаро зимни нашасти  матбуотии солона 12 январ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов иброз намуд. Ӯ афзуд, ки  дар асоси нақшаи тақвимии соли 2008-ум 100 чорабинии варзишӣ, 75 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва 25 Чемпионати ҷумҳурӣ дар байни наврасон ва ҷавонон дар марказ ва минтақаҳои ҷумҳурӣ  баргузор гардид, ки дар онҳо зиёда аз 30 ҳазор  нафар ширкат варзиданд.  «Дар соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ барои гузаронидани ин чорабиниҳо 2,531 850 сомонӣ ҷудо шуд», -гуфт дар хотима М.Неъматов.

Январь 12, 2009 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа