ВАЗЪИ МОЛИЯВИИ КӮЛОБ БЕҲТАР МЕШАВАД
Кӯлоб, 22 январ (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Кормандони раёсати молияи МИМХД ш. Кӯлоб соли 2008 -умро бо натичаҳои назаррас ҷамбаст намуданд. Ҳамкории ҳамарӯзаи кормандони раёсат бо кормандони нозироти андози шаҳри Кӯлоб имкон фароҳам овард, ки дар ин давра иҷрои нақшаи даромадҳо аз 16 сарчашмаи даромад ба пуррагӣ иҷро гардад. Сардори раёсати молияи МИМХД ш. Кӯлоб Бахтиёр Назаров мегӯяд, барзиёд иҷро гардидани нақшаи даромадҳо аз ҳамаи сарчашмаҳо имкон фароҳам овард, ки аз ҳисоби барзиёдии буҷаи маҳаЛлӣ қисми зиёди маблағҳо дар соли 2008 барои соҳаҳои маориф (9млн 471 ҳазору 043 сомонӣ) ва соҳаи тандурустӣ (3млн 670 ҳазору 181 сомонӣ) равона карда шавад. Хароҷоти ин соҳаҳо 56 фоизи хароҷоти умумии буҷаи маҳаллиро ташкил медиҳад. Дар самти ҷамъоварии бақияпулиҳои андоз низ корҳои зиёд ба иҷро расонида шудааст. Бояд қайд намуд, ки дар ҷаласаи ҷамбасти соли соли 2008 буҷаи маҳаллӣ барои соли 2009-ум 14 млн 975 ҳазору 412 сомонӣ муайян гардид, ки нисбати соли гузашта 75 фоиз зиёд мебошад.








Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид






