ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СИНГАПУР БА ТОҶИКИСТОН ТАШРИФ МЕОРАД
Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Абдулмаҷид Достиев 27 январ ба сафири Ҷумҳурии Сингапур дар Федератсияи Русия Саймон Тенсинг де Круз аз номи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ даъватнома супорид. Даъватнома ба унвони вазири корҳои хориҷии Сингапур Ҷорҷ Йо ирсол карда мешавад. Дар он вазири корҳои хориҷии Сингапур даъват карда мешавад, ки ба Тоҷикистон ташриф орад. А.Достиев зимни сӯҳбат дар бораи вазъияти ҷамъиятию сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистон мухтасар маълумот дод. Сафир зикр кард, ки ҳар ду мамлакат аз ҷиҳати мавқеи ҷуғрофӣ ва вазъияти иқтисодиашон умумияти бисёр доранд. Ин имкон хоҳад дод, ки ҳамкории онҳо дар оянда самарабахш ба роҳ монда шавад. Сафири Сингапур ба А.Достиев изҳори сипос намуда, зикр кард, ки даъватнома сари вақт фиристода хоҳад шуд. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






