ВАЗОРАТИ МАОРИФ ДАСТПАРВАРОНИ ДОНИШКАДАИ ОМӮЗГОРИРО БА СУД ДОДАН МЕХОҲАД

Январь 19, 2009 14:01

          Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Дар давоми солҳои таҳсили 2007-2008 мактабҳои олии омӯзгории мамлакатро 3600 донишҷӯ хатм кард. Тақрибан 60 фоизи онҳо аз рӯи тақсимот ба мактабҳо фиристода шуданд ва ҳоло аз рӯи ихтисосашон кор мекунанд, гуфт ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори раёсати кадрҳои  вазорати маорифи ҷумҳурӣ Шермаҳмад Ёрмаҳмадов.        Донишҷӯёни боқимонда мувофиқи қарори комиссияҳои тақсимот ба мактабҳо фиристода шуда бошанд ҳам, ба маҳалли корашон ҳозир нашуданд ва аз рӯи ихтисос кор намекунанд. Қисми зиёди онҳо барои ба даст овардани маблағи бештар ба  корхонаю муассисаҳои дигар, созмонҳои байналхалқӣ ё ба  мамлакатҳои дигар ба кор мераванд Ҳол он, ки  «Низомномаи тақсимоти донишҷӯён ва  мӯҳлати ибтидоии  фаъолияти онҳо» — ро то ҳол ҳеҷ кас бекор накардааст. Бинобар ин донишҷӯёне, ки баъди хатми донишкада се сол аз рӯи ихтисос кор намекунанд, аз дипломҳояшон маҳрум гардида метавонанд.         Ш.Ёрмаҳмадов зикр кард, ки  вазорат айни ҳол барои ба суд додани чунин донишҷӯён маводи зарурӣ ҷамъ меорад. Мо дастпарварони мактабҳои олиро  водор карданием, ки  ё аз рӯи ихтисосашон кор кунанд ё маблағи хароҷоти барои таҳсили  онҳо сарфшударо ба давлат баргардонанд, гуфт корманди вазорати маориф.

Январь 19, 2009 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид