ВКД ХАБАР МЕДИҲАД

Январь 28, 2009 14:44

               Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар» Жасмин Назарова). Тавре ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ Маҳмадулло Асадуллоев иттилоъ дод, аз ҷониби кормандони шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон як далели нигоҳдории маводи нашъаовар ошкор карда шуд. Дар дидбонгоҳи доимамалкунандаи Учқунободи ноҳияи мазкур автомашинаи тамғаи Опел-Астра, рақами давлатиаш Р 49 40 РТ 03 ронандааш Суҳробов Тугмашо, соли таваллудаш 1964 истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷ. Румӣ кучаи Карл Маркс, боздошт гардид, ки ҳангоми аз назар гузаронидани бордони он дар халтаи полиэтиленӣ 2 кг 35 гр маводи сахттаъсири навъи героин ва 610 гр маводи нашъадори навъи бангдона дарёфт ва мусодира карда шуд.              Ҳамчунин ҳангоми гузарондани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ноҳияи Спитамен шаҳрванд Раззоқов Абдусалом, соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи Ғончии вилояти Суғд дастгир карда шуд. Аз ӯ ба миқдори 2 кг 970 гр маводи нашъаовари навъи гашиш дарёф ва мусодира карда шуд. Нисбати ин шаҳрвандон бо моддаи 200 қисми 3 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноӣ кушода шуд.

Январь 28, 2009 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид