ВОМБАРГҲОИ НАВ БА МУОМИЛОТ БАРОВАРДА МЕШАВАНД

Январь 4, 2009 16:43

          Душанбе, 4 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми декабри соли 2008, аз 1-уми марти соли 2009 вомбаргҳои нави давлатии дохилии бурднок ба муомилот бароварда мешаванд. Аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки вомбаргҳои нав бо арзиши 10 ва 20 сомонӣ ба мӯҳлати 10 сол ба муомилот бароварда шуда,  бурдҳояшон ба андозаи аз 20 то 1500 сомонӣ муқаррар гардидааст. Ин коғазҳои қиматнок феълан дар як ширкати олмонӣ, ки пулҳои миллии Тоҷикистон – сомонӣ низ дар он нашр шудааст, чоп мегарданд.          Маврид ба зикр аст, ки дорандагони вомбаргҳои давлатии дохилии бурдноки барориши соли 2002 аз 1-уми марти соли 2009 метавонанд вомбаргҳои худро ё ба намунаҳои нав иваз кунанд ва ё маблағи онҳоро бозпас гиранд.       Ёдовар мешавем, ки тиражи навбатии 41-уми бозиҳои вомбаргҳои давлатии дохилии бурдноки барориши соли 2002 дар бинои Вазорати молияи ҷумҳурӣ 30-уми январ баргузор мегардад.

Январь 4, 2009 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар