ЯК БОМУ ДУ ҲАВО

Январь 13, 2009 08:30

          Хоруғ, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Дар бозоргонии саросари олам вобаста ба воридоти мол нархи он тағйир меёбад, яъне гоҳ пасту гоҳ баланд мешавад, аммо дар ВМКБ анъанаи дар як сатҳ қарор доштани нарх побарҷост. Кам вақт мешавад, ки дар нарх тағйироте ба амал ояд. Он идороту ташкилотҳои давлатие, ки ба ин масъала сару кор доранд, хешро дар канор мегиранд. Чунончӣ чанд вақт қабл як литр  бензин ба чор сомонӣ дакка мехӯрд. Нархи нақлиёти мусофирбар низ боло рафт. Имрӯз бошад нархи сӯзишворӣ қариб ду баробар поин рафт, аммо агар то ба ин ҳангоми чиптаи нақлиёти мусофирбар аз Хоруғ то маркази ноҳияи Рӯшон 10 сомонӣ қимат дошт, имрӯз низ маблағи роҳкиро чунин аст. Нархи нақлиётро хароҷот муайян мекунад. Аммо хароҷоти мусофирбарҳои хурди чинӣ Чанху, Хай-фай ва нақлиёти дигар хеле ночиз аст.  Ин амал на танҳо дар ноҳияи Рӯшон, балки дар саросари вилоят ҷараён дорад. Нархи хатсайри Хоруғ-Душанбе аз 120 то 180 сомонист. Тобистон боз баланд мешавад, аммо ягон идороти ҳукуматӣ дар пайи танзими он нест. Нархро худи ронанда мемонад. Ҳарчанде иқтисоди бозоргонӣ бошад ҳам, нархи нақлиёт танзим мебояд, он тавре, ки раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ин корро сомон медиҳад. Бо ҷидду ҷаҳди Ҷаноби Олӣ, аз ҷумла, дар ВМКБ орд арзон шуд, аммо нархи маҳсулоте, ки аз орд истеҳсол мешавад, дар сатҳи қаблист. Умуман нархи бозорҳои Бадахшон хеле қимат аст, ки мақоли як бому ду ҳавои-ро ёд меорад.

Январь 13, 2009 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид