ЁДНОМАИ АКАДЕМИК АБДУЛҒАНӢ МИРЗОЕВ ДАСТРАСИ ХОНАНДАГОН МЕГАРДАД

Январь 13, 2009 12:16

            Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). –  Бахшида ба 100 — солагии зодрӯзи академик Абдулғанӣ Мирзоев ва 50- солагии таъсисёбии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ Чумҳурии Тоҷикистон китоби «Ёдномаи академик Абдулғанӣ Мирзоев» аз чоп баромад. Маҷмӯа дар нашриёти  «Дониш» нашр гардида,  аз се бахш иборат аст. Дар бахши аввал  чаҳор мақолаи чопнашудаи  муҳаққиқи ховаршиноси шаҳири тоҷик А. Мирзоев, ки доир ба равобити афкори Аҳмади Дониш, Биноӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ маълумот медиҳад, ҷойгир шудааст. Дар бахши дуввум мақолаҳои сирф ихтисосӣ ва фарогири масъалаҳои илмии ховаршиносӣ, забоншиносӣ, фалсафӣ, рӯзноманигорӣ ва фарҳангӣ, ки дар асоси қазоват ва баҳодиҳӣ ба асарҳои бунёдии шарқшиноси тавоно навишта шудаанд ва баъзе масоили илмии ховаршиносии тоҷикро равшан месозанд, оварда шудаанд. Бахши саввум мақолаю хотираҳои ҳамкорону шогирдони устод ва мунаққидонро  дар бар мегирад.

Январь 13, 2009 12:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст