ЮНЕСКО КАЙ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ РӮДАКИРО ЭЪЛОН МЕКУНАД?

Январь 22, 2009 14:27

            Душанбе, 22 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Бояд аз ҷониби ЮНЕСКО Рӯзи ҷаҳонии Рӯдакӣ муайян карда шавад». Чунин пешниҳод кард зимни суханронии худ раиси Бунёди байналмилалии забони форсӣ- тоҷикӣ Усмон Назир дар ҳамоиши байналмилалии «Рӯдакӣ- падари шеъри форсӣ», ки чанде пеш дар шаҳрҳои Теҳрон ва Машҳади Эрон баргузор шуд.             Дар ҳамоиши мазкур дар қатори 500 донишманд аз 30 давлати ҷаҳон, ҳайати бонуфузи донишмандону муҳаққиқони тоҷик низ иштирок карда, доир ба мақоми Рӯдакӣ ва осори нотакрору ҷовидонаи нобиғаи назми форсӣ табодули назар карданд.            Ҳамчунин, иштирокдорони ҳамоиш эъломия қабул карданд, ки тибқи он минбаъд бо мақсади ҳифзи арзишу осори Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар кишварҳои форсизабон ва умуман давлатҳое, ки дар онҳо форсизабонҳо умр ба сар мебаранд, мактаби адабии Рӯдакӣ ба роҳ монда шуда, ашъори оламшумули сардафтари адабиёти классикии форсу-тоҷик — Рӯдакӣ омӯзиш ва таҳқиқ мешавад.            Назар ба андешаи донишманди тоҷик Усмон Назир ҳамоиш бахшида ба 1150-солагии Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар Теҳрон ва Машҳад дар сатҳи баланд баргузор гардида, воқеан «падари шеъри форсӣ» будани Рӯдакиро собит сохт.  

Январь 22, 2009 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд