ЗАРАРИ ИҚТИСОДӢ АЗ ХАТСАЙРҲОИ ДУШАНБЕ-ХОРУГ ВА ДУШАНБЕ-ПАНҶАКЕНТ

Январь 29, 2009 15:25

                 Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Мутаассифона, дар самтҳои Душанбе-Хоруг ва Душанбе-Панҷакент аз парвозҳо зарари иқтисодӣ пеш меояд. Сабаби ин иҷрои парвозҳои яктарафа дар самти Хоруғ ва паст будани тарифҳои парвозӣ дар самти Панҷакент мебошад гуфт дар нишасти матбуотии навбатӣ директори генералии КВДҲ «ТоҷкЭйр» корхонаи мазкур Алимурод Махмадалиев.                 Бояд гуфт, ки дар соли 2008 назар ба соли гузашта 18,9 фоиз зиёд бору почта интиқол дода шуд, ки 2,5 ҳазор тоннаро ташкил кард. Ин афзоиш ба тағийр додани тартиби татбиқи тарифҳои интиқол ва кам намудани нарх барои интиқоли борҳои кишоварзӣ алоқаманд мебошад.                 Дар соли ҷамъбастгардида яке аз вазифаҳои муҳими КВДҲ, «Тоҷик Эйр» саривақт ичро намудани барномаи «Ҳаҷ-2008» буд. Дар асоси ин барнома зиёда аз 5000 зиёраткунанда интиқол дода шуд.                Дар давоми соли 2008 чиҳати навсозии парки ҳавопаймоҳою муҳаррикҳои корхона ва гузариш ба баҳрабардории ҳавопаймоҳои истеҳсоли хориҷӣ кори максаднок идома дошт. Бо ин мақсад ба масъалаҳои таълими мутахассисон, бозомӯзонии ҳайати парвозӣ ва роҳбаладон барои кор дар ҳавопаймоҳои Боинг 757-200, 737-300 ва 737-800 диққати махсус дода шуд.                Айни замон аз ҳисоби захираҳои молиявии корхона барои идора намудани хавопаймоҳои Боинг 737- 200 2 ҳайати пурра ва 5 ҳавонаварди дуюм, Боинг 737-300-800 5 экипаж ва 757- 200 5 экипажи пурра омода карда шудааст, ки онхо ҳайатхои парвозии ширкатҳои иҷорадиҳандаро бомуваффақият иваз менамоянд. Омӯзиш ва омодасозии тренажёрии ҳайатҳои парвозӣ дар кишварҳои ИДМ, давлатҳои Аврупо ва ИМА сурат гирифтаанд.               Ҳоло яке аз проблемаҳои асосие, ки дар назди ширкати ҳавопаймоӣ истодааст, ивази ҳавопаймоҳои куҳнашудаи Як-40 ва Ан-24 мебошад. Бо ин мақсад корҳои омодагӣ барои харидорӣ намудани 2 ҳавопаймоӣ МА-60 сохти хитоии муҷаххаз бо таҷҳизоту муҳаррикҳои ҳозиразамон дарасоси Барномаи пешниҳод намудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой, ки чудо кардани қарзи дарозмӯҳлати имтиёзнокро ба КВДҲ «Тоҷик Эйр», пешбинӣ намудааст, идома доранд.  

Январь 29, 2009 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд