ЗАРУРАТИ ТАЪМИНИ РЕҶАВИИ НЕРӮИ БАРҚ ДАР ПОЙТАХТ

Январь 30, 2009 09:25

               Душанбе, 30 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Шаҳрдории Душанбе муроҷиати ШСХК «Барқи тоҷик»-ро бинобар вазъи ба миён омада дар системаи энергетикии кишвар ва бар асари он пеш омадани зарурати таъмини реҷавии нерӯи барқ ҳамчун тадбири иҷборӣ дар қаламрави пойтахт дастгирӣ намуд.               Бо ин мақсад Қарори дахдори Раиси шаҳри Душанбе ба тасвиб расид, ки дар асоси ҷадвали пешниҳоднамудаи ШСХК «Барқ тоҷик» дар маҳаллаю шаҳракҳои пойтахт то ба эътидол расидани вазъ дар системаи энергетикии кишвар ба истиснои иншоотҳои ҳаётан муҳим ҳамарӯза аз соати 23 то 5-и субҳ интиқоли нерӯи барқ муваққатан қатъ карда мешавад.              Зимнан, роҳбарияти пойтахт аз ҳамаи сокинон, роҳбарони тамоми субъектҳои хоҷагидори пойтахт, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ хоҳиш кард, ки нисбати ин тадбири иҷбории андешидашуда бо ҳусни тафоҳум муносибат намуда, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқро ба роҳ монанд.             Котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки масъулини шаҳрдорӣ ва раисони ноҳияҳои пойтахт вазифадор карда шуданд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро нисбати тадбири андешида муташаккилонаву мақсаднок амалӣ намоянд.   

Январь 30, 2009 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар