$ 1000 НАСИБИ ХАБАРНИГОРИ «ҶУМҲУРИЯТ» ГАРДИД
Душанбе, 23 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Мақолаи «Инқилобе, ки ба Эрон сарфарозӣ овард»-и хабарнигори рӯзномаи расмии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» Фотеҳи Абудулло дар озмуни мақолаи беҳтарин дар мавзӯи 30-умин солгарди Инқилоби исломии Эрон зинаи якуми озмунро соҳиб гардида, бо 1000 доллар мукофотинида шуд. Зинаи дуюми озмун ($ 700) насиби рӯзноманигор Нуралӣ Давлат бо мақолаҳои «Инқилоби беназири Хумайнӣ» («Фараж») ва «Эрони муосир дар роҳи рушд» («Дайджест пресс») ва зинаи сеюми озмунро ($ 500) Сайфулло Мулоҷон хабаргузории «Варорӯд» бо мақолаи «Решаҳои таърии инқилоби Эрон» ва мақолаи Нилуфари Собир ва Ҷумъаи Мирзо «Ҳама дунё тан асту Эрон дил» («Нури зиндагӣ») мушарраф гардиданд. Тӯҳфаҳоро ба ғолибони озмун Раиси Созмони садо ва симои Эрон Сайид Изатулло Зарқомӣ, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиасғар Шеърдӯст ва Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов супориданд. Назар ба иттилоъи масъули бахши матбуоти Сафорати Эрон дар Душанбе Алиризо Ороста ба озмун аз ҷониби рӯзноманигорони тоҷик беш аз 20 мақола пешниҳод карда шуд, ки инъикосгари дастовардҳои рӯйдоди таърихии Эрон-Инқлоби исломӣ буданд. Ҳамзамон А. Ороста афзуд, ки ба озмун ҳамчунин ду филми мустанад ва гуфтори радиоӣ пешниҳод гардида буд, ки онҳо тавассути Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон ва «Сафина «намоиш дода шуда буданд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






