ҒАМХОРӢ ДАР ҲАҚҚИ ЭҲТИЁҶМАНДОН
Душанбе, 9 феврал, (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Хизматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолии ниёзманд яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад. Ҳоло дар муассисаҳои статсионарии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 1403 нафар пиронсолон нигоҳубин карда мешаванд, ки аз онҳо 727 нафарашон мард, 676 нафар зан ва 512 нафарашонро кӯдакон ташкил медиҳанд. Ба онҳо 839 нафар кормандони иҷтимоӣ хизмат мерасонанд. Дар соли 2008-ум барои муассисаҳои статсионарӣ 7 миллиону 970,7 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ шуда буд. Маблағи ҷудогардида ба сари ҳар як истиқоматкунандаи муассисаҳои статсионарӣ нисбат ба соли 2007 17,7 фоиз зиёд аст.Дар соли 2009 маблағи барои ин муассисаҳо ҷудогардида боз бештар мебошад, ки ин нишони ғамхорӣ дар ҳаққи ин тоифаи ба дастгирӣ мӯҳтоҷ мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






