ҚАРЗИ ХОҶАГИҲОИ ПАХТАКОР БАРГАРДОНИДА НАШУДААСТ
Душанбе, 24 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти сардори идораи кишоварзии нохияи Ваҳдат Ҷамолиддин Сафаров, тибқи ҳисобҳои пешакии мутахассисони хоҷагиҳои пахтакори ноҳия, соли ҷорӣ барои пешбурди соҳа 7 миллион сомонӣ зарур аст. Тибқи механизми нави маблағгузорӣ, соли 2008 2 хоҷагии пахтакори ноҳия барои коркарди 655 гектар замини пахта бо бонкҳои ноҳия шартнома баста 1 млн. 51600 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок гирифтанд. Аз маблағи истифодашудаи шартномавӣ ҳамагӣ 140 ҳазору 600 сомонӣ ба бонкҳо баргардонида шудааст. Қарзи боқимонда то 1-уми апрел баргардонидашуда, барои соли 2009 аз нав бо бонкҳо шартномаҳои имтиёзнок баста мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






