ҚАРЗИ МУЗДИ МЕҲНАТ ПАРДОХТА ШУД
Душанбе, 3 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба суханони вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ Шукурҷон Зуҳуров, дар давоми соли 2008 аз тарафи мутахассисони Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар 1268 ташкилоту корхонаҳо оид ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат, ҳифзи меҳнат, қоидаҳои бехатарии меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ санҷишҳо гузаронида шуданд. Дар натиҷаи санҷишҳо 8795 қонунвайронкуниҳо ошкор карда шуданд ва аз рӯи он ба роҳбарони корхонаю муассисаҳо 1268 дастур ва санадҳо дода шуданд. Бо дахолату талаботи бевоситаи кормандони Хадамот 8 млн.196 ҳазор сомонӣ қарзи музди меҳнат ба кормандони соҳаҳои гуногун пардохта шуд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






