ҚУРБИ ДОЛЛАР ТАҒЙИР ЁФТ
Душанбе, 23 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 20 феврали соли равон, дар давоми рӯз қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар муқоиса бо рӯзи гузашта каме тағйир ёфта, дар сатҳи 3,79 — 3,80 сомонӣ қарор гирифт. Аз маркази матбуоти БМТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкии асъор амалиётҳои бештар дар ҷуфти «сомонӣ — рубл» аз рӯи қурби миёнаи 0,1083 сомонӣ ба назар расид, вале аз рӯи ҷуфти «сомонӣ — доллар» амалиётҳои камтар анҷом дода шудаанд ва қурби миёнаи доллари ИМА аз рӯи додугирифтҳо 3,7750 сомониро ташкил дода, ба ягон тағйироти назаргир рӯ ба рӯ нашуд. Дар айни замон дар бозори дохилии асъор тамоюли зиёд шудани асъори хориҷӣ, аз ҷумла, доллари ИМА ба миён омад. Дар баъзе бахшҳои бозори асъор бошад, фаъол гардидани муомилот бо рубли Федератсияи Русия ба назар расид, ки вобаста ба ин, дар давоми рӯз тағйирёбӣ ҷониби паст шудани қурби доллари ИМА мушоҳида гардид.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






