ҚУРБИ ДОЛЛАР ЯКБОРА БОЛО РАФТ

Февраль 4, 2009 10:31

                 Душанбе, 4 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар нуқтаҳои мубодилаи асъор нархи хариди як доллари амрикоӣ аз 3 сомонию 70 дирам то ба 3 сомонию 80 дирам баробар шуд.                 Рӯзи гузашта дар нуқтаҳои фурӯши дӯконҳои бозорҳои «Саховат» ва «Корвон» нархи як доллари амрикоӣ ба 3 сомонию 90 дирам баробар шуд. Ҳарчанд нархи доллар дар баробари сомонӣ боло рафта бошад, ҳам аксари масъулони фурӯши ин нӯқтаҳои пойтахт мегӯянд, ки барои фурӯш доллари нақд надоранд.               Масъулони Бонки миллии Тоҷикистон иллати поиншавии қурби сомонӣ дар баробари арзҳои хориҷиро ба бӯҳрони молиявӣ нисбат медиҳанд. Раиси бонки миллӣ, зимни нишасти матбуотӣ иброз намуда буд, ки қурби пули миллӣ нигоҳ дошта мешавад, ва онро Бонки миллӣ дар як сатҳи муайян нигоҳ медорад, вале назар ба бозор мекунем ин он қадар чашмрас нест, чунки пули миллӣ қурбашро гум карда истодааст. Ҳамчунин, қайд гардида буд, ки бонки мазкур бо ин мақсад 100 миллион сомониро аз муомилот бароварда, ахиран беш аз 2 миллион долларро бо қурби 360 сомонӣ барои 100 доллар ба фурӯш гузоштааст.  

Февраль 4, 2009 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар