ҚУРБИ ДОЛЛАРИ ИМА ПОЁН РАФТ
Душанбе, 12 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 11 феврали соли равон вазъият дар бозори асъор бе тағйир боқӣ монд. Қурби миёнаи хариду фурӯши нақдии доллари ИМА дар бахши нақдӣ дар сатҳи 3,73 — 3,77 сомонӣ қарор дошт. Аз маркази матбуоти Бонки миллии Тоӣкистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар бозори байнибонкии асъор зиёдшавии амалиётҳо ҳам дар ҷуфти «доллар — сомонӣ» ва ҳам дар ҷуфти «евро — сомонӣ» ба қайд гирифта шуд. Қурби доллари ИМА дар ин марҳила каме поён рафта, 3,7228 сомониро ташкил намуд, ҳол он ки 10 феврал қурби мубодилавии доллари ИМА ба 3,7317 сомонӣ баробар буд. Гуфтанист, ки нишондиҳандаҳои мазкур, ҳамчунин ҳолати талабот ва пешниҳод дар бозори асъор тамоюли бомаром тақвият ёфтани қурби пули миллиро инъикос менамояд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






