ҲАҶМИ МУОМИЛОТИ ПУЛ БА ВОСИТАИ «ЮНИСТРИМ» ДАР ТОҶИКИСТОН МЕАФЗОЯД

Февраль 20, 2009 14:36

              Душанбе, 20 феврал. АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Ҳаҷми муомилоти байналмилалии пул дар Тоҷикистон соли 2008 — ум 58 фоиз афзуда, ба 694 миллион доллари ИМА расид. Ҳол он ки маблағи он соли 2007 ҳамагӣ 439 миллион долларро ташкил медод. Ба ақидаи роҳбарияти системаи байналхалқии ҳаволаи пули «Юнистрим» зиёд гардидани ҳаҷми интиқоли пул натиҷаи фаъолияти самарабахши он дар давоми сол мебошад, ки тамоми минтақаи Осиё, аз ҷумла, Тоҷикистонро фаро мегирад.               Директори генералии «Юнистрим» Сурен Айриён ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки мамлакатҳои Осиё аз ҷиҳати рафту омади мардикорон ба мамлакатҳои дигар на танҳо дар миқёси ИДМ, балки дар тамоми Аврупо нақши муҳим мебозанд. Маълум аст, ки коргарони муҳоҷир дар бозори гардиши пул нақши калон доранд. Бинобар ин, мо барои ба роҳ мондани ҳамкории самарабахш бо муассисаҳои молиявии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳем.               Мавсуф дар бораи Тоҷикистон сухан ронда, гуфт, ки «Юнистрим», айни ҳол бо ҳамаи бонкҳои калонтарини мамлакат муносибати ҳамкорӣ дорад.              Имрӯз теъдоди бунгоҳҳои хизматрасонии он дар Тоҷикистон аз 500 адад ҳам бештар буда, айни ҳол дар 120 маҳалли аҳолинишини мамлакат фаъолият доранд.

Февраль 20, 2009 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад