ҲАЙАТИ ҲУКУМАТИИ ӮЗБЕКИСТОН БА ДУШАНБЕ ОМАД
Душанбе, 18 феврал. АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Ҳайати ҳукуматии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини аввали Сарвазири ин мамлакат, вазири молия Рустам Саидов ба Тоҷикистон ташриф овард. Меҳмононро дар вокзали роҳи оҳани пойтахт муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадулло Ғуломов пешвоз гирифт. Ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар маҷлисҳои Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Комиссияи масъалаҳои муқаррар намудан ва қонунӣ гардонидани сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат меварзад. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки ин сафари нахустини ҳайати ҳукуматии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар давоми шашу ним соли охир мебошад. Ҳайати ҳукуматии Ӯзбекистон бори охир 23 августи соли 2002 барои иштирок дар маҷлиси нахустини Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоратию иқтисодии ҳар ду кишвар ба Душанбе омада буд. Дар протоколи хотимавии ҳамон маҷлис проблемаҳои дар муносибати ҳар ду ҷониб вуҷуддошта қайд карда ва имкониятҳои ҳалли онҳо пешбинӣ карда шуда буданд. Акнун дар Душанбе маҷлиси дуюми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор мегардад, ки рӯзномаи он 13 масъаларо дар бар мегирад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






