ҲАЙАТИ ПАРЛУМОНИИ ТОҶИКИСТОН ОЗИМИ КИШВАРИ АФСОНАВӢ МЕГАРДАНД

Февраль 25, 2009 09:38

                   Душанбе, 25 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 25 феврал ҳайати гурӯҳи дӯстии парлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, таҳти роҳбарии муовини раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти палатаи поёнии парлумони мамлакат Олимҷон Салимзода ба Ҷумҳурии Ҳиндустон сафар карданд.                  Ҳадафи сафар тақвияти робитаҳои парлумонӣ байни Тоҷикистону Ҳиндустон ва омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар мебошад.                  Қабл аз сафар вакили Маҷлиси намояндагон Олимҷон Салимзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар гуфт, ки сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Ҳиндустон бо даъвати Раиси палатаи поёнии парлумони Ҳиндустон — Лок Сабҳа доктор Лак Минараян Пандей сурат мегирад. Дар давоми беш аз як ҳафта ҳайати гурӯҳи дӯстии парлумонии Тоҷикистон дар шаҳри Деҳлӣ бо ноиби Президенти ин кишвар, Раиси парлумони Ҳиндустон, Раиси палатаи савдою саноат, вазири туризм ва сайёҳии Ҳиндустон ва дигар шахсони баландпояи Ҳиндустон дидору мулоқот менамоянд. Ҳамзамон бо фаъолияти парулмони ин кишвар аз наздик шинос мешаванд.                  Инчунин, ҳайати парлумонии Тоҷикистон аз шаҳрҳои таърихӣ ва қадимаи Агра, Тривандрам ва Ҳайдарободи Ҳиндустон боздид намуда, бо ёдгориҳои таърихӣ ва дастовардҳои беназири иқтисодии ин кишвари афсонавӣ ошно мешаванд.                    Бояд зикр кард, ки сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Ҳиндустон сафари ҷавобӣ аст. Зеро як сол муқаддам, аниқтараш аз 8 то 14 апрели соли 2008 ҳайати парлумонии Ҳиндустон таҳти роҳбарии намояндаи парлумони Ҳиндустон Сайид Шаҳнавоз Ҳусейн ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд.

Февраль 25, 2009 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид