ҲАЛОКАТИ БАЧАГОН БАР АСАРИ ДУДИ АНГИШТ ВА ҲЕЗУМ

Февраль 3, 2009 14:35

                    Душанбе, 3 феврал. АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Аз рӯи маълумоти СММ, ҳар сол дар мамлакатҳои ҷаҳон дар натиҷаи истифодаи ангишту ҳезум ва навъҳои дигари сӯзишвории сахт бештар аз 10 ҳазор бачагони то 5 — сола вафот мекунанд. Тавре ки маълум аст, ҳавои хонаҳои истиқоматӣ дар натиҷаи сӯхтани ангишту ҳезум ва навъҳои дигари сӯзишворӣ бо дуди ғализ ва газҳои гуногун олуда гашта, сабаби беморӣ ва ҳалокати бачагони хурдсол мегардад. Коршиносон чунин мешуморанд, ки дар натиҷаи авҷ гирифтани бӯҳрони молиявӣ одамон барои гарм кардани хонаҳо ва тайёр кардани хӯрок аз навъҳои гуногуни сӯзишвории арзони сахт торафт бештар истифода мебаранд. Ин ба саломатии одамон ва хусусан бачагони хурдсол зарари калон мерасонад.                    Зеро бачагон 90 фоизи вақти худро дар дохили хонаҳо мегузаронанд.                     Директори дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо Марк Данзон даъвоҳоро дар бораи таъмини бехатарии ҳаёти кӯдакон дар хона рад карда, гуфт, ки муассисаҳои тандурустӣ муддати тӯлонӣ ба масъалаи таъмини саломатии бачагон дар биноҳо аҳамият намедиҳанд. Ин вазъият бояд ба куллӣ тағйир дода шавад.   Коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ исбот намудаанд, ки дуди ангишту ҳезум ва навъҳои дигари сӯзишвории сахт газҳои заҳрнок хориҷ карда, ба шуши одамон дохил мегарданд ва сабаби пайдоиши бемориҳои гуногун мегарданд. Дар Тоҷикистон ҳам, дар натиҷаи набудани қувваи барқ ва гази табиӣ аҳолии маҳаллӣ аз ангишту ҳезум истифода мебаранд. Ин таъсири дуду газҳои заҳрнокро ба организми одамон бештар мегардонад. Вазорати тандурустӣ ва муассисаҳои тобеи он бояд роҳу усулҳои пешгирии оқибатҳои зарари дуди ангишту ҳезумро ба аҳолӣ фаҳмонанд.                                                                                                                                                     Тарҷумон — Қудратов А.  

Февраль 3, 2009 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад