ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ЛАТВИЯРО ОЯНДАИ НЕК ИНТИЗОР АСТ

Февраль 9, 2009 15:52

                  Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Латвия субҳи рӯзи 9- уми феврал бо маросими истиқбол дар назди қасри Президенти Ҷумҳурии Латвия, ки бо номи Кохи Рига маъруф аст, оғоз ёфт.                   Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.                   Маросими истиқболи расмӣ бо саф кашидани горди ифтихории Латвия, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб ҷараён гирифт.                  Маросими мазкур мустақиман аз тариқи шабакаи якуми телевизиони давлатии Латвия пахш гардид.Масоили ҷорӣ ва рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Латвия нахуст дар мулоқоти хоссаи сарони ду давлат ва сипас дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмӣ баррасӣ шуд.                  Ба барқарорсозии робитаҳои анъанавии миёни Тоҷикистону Латвия, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ мавҷуд буд ва ташкилу густариши ҳамкориҳо дар самтҳои коркарди нахи пахта, пӯст, пашм, меваю сабзавот, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданоки табиӣ, азхуднамоии захираҳои обию энергетикӣ, рушди нақлиёту коммуникатсия ва туризм изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.                 Аз рӯи натиҷаи мулоқотҳо миёни Тоҷикистону Латвия якчанд санади бунёдии ҳамкорӣ ба имзо расид.Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Латвия;                Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя;                  Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия оид ба алоқаи ҳавоӣ;Протоколи оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Латвия;                Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Латвия.Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс нишасти матбуотӣ ороста, ба натиҷаҳои гуфтушунид баҳои баланд доданд.                Таъкид гардид, ки бо ин сафар ва ба имзо расидани санадҳои бунёдии ҳамкорӣ заминаи боэътимоди сиёсию ҳуқуқӣ барои таҳким ва густариши муносибатҳои ба ҳарду кишвар судбахш гузошта шуд.                Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Рига ба зери пояи Муҷассамаи Озодии Ҷумҳурии Латвия гулчанбар гузошта, ба муқаддасоти миллию фарҳангӣ ва таърихии мардуми ин кишвари дӯст эҳтиром ба ҷо овард.                Дар ин маросим Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс ҳамроҳӣ намуд. Масоили ташкил ва густариши робитаҳои байнипарлумонӣ ва таҳкими асоси ҳуқуқии ҳамкориҳои ду кишвар дар вохӯрии Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон бо раиси парлумони Латвия Гундарс Даудзе баррасӣ шуд. 

Февраль 9, 2009 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад