ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ОЛМОН

Февраль 10, 2009 15:41

                      Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар» Жасмин Назарова). Вазири энергетика ва саноати ҶТ Гул Шералӣ ба шаҳри Бонни Ҷумҳурии Олмон сафари хидматӣ анҷом дод. Ӯ дар Конференсияи муассисони Агентии байналмиллалӣ оид ба энергияи барқароршаванда «IRENA» иштирок намуд.                       Дар чорабинии мазкур зиёда аз 550 нафар бо намояндагӣ аз 124 кишвари ҷаҳон ва 34 созмону ташкилотҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла 41 вазири соҳаи энергетикаи мамлакатҳои гуногуни дунё ширкат варзиданд. Гул Шералӣ дар маърузаи худ вобаста ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахши энергияи барқароршаванда, корҳои анҷомдода дар самти мазкур аз ҷониби Ҳукумати ҶТ, барномаҳои давлатии қабулгардида оид ба сарчашмаҳои энергияи барқароршаванда ва сохтмони Неругоҳи Барқии Обӣ (НБО) — и хурд суханронӣ намуд. Инчунин оид ба масъалаи мавҷуд будани шароити мусоиди рушди энергияи барқароршаванда, аз ҷумла энергияи офтоб, шамол, энергияи об (дарёҳои хурд) дар Тоҷикистон қайд гардид ва дастгирии Ҳукумати ҶТ дар масъалаи таъсиси Агентии байналмиллалӣ оид ба сарчашмаҳои энергияи барқароршаванда ва ба имзо расонидани Оиномаи ин созмон ҷиҳати воридшавии ҶТ ба он, иброз намуд. Бояд қайд намуд, ки 75 кишвари дунё низ ба Оиномаи таъсисдиҳии Агентии «IRENA» имзо гузоштанд.                     Инчунин Гул Шералӣ бо роҳбарияти ширкати олмонии «IPROD RESDEN» оид ба масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти тармиму таҷдиди НБО ва сохтмони НБО-и хурд вохӯрӣ гузаронд. Аз натиҷаи гуфтушунидҳо ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки мутахассисони ширкати мазкур дар моҳи марти соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ташриф меоранд.  

Февраль 10, 2009 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад