ҲАМКОРИИ ҶАМЪИЯТҲОИ ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОНУ КУВАЙТ

Февраль 12, 2009 11:23

                     Душанбе, 12 феврал. АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Муншии умумии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Зафар Муҳаббатов бо даъвати роҳбарияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Кувайт барои боздиди расмӣ ба ин мамлакат рафт. Вай дар ин ҷо бо раиси Ҷамъияти ҳилоли аҳмари Кувайт Борҷис Алборҷис мулоқот кард. Зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкорӣ ва иваз намудани таҷрибаи ҷамъиятҳои ҳилоли аҳмари ҳар ду кишвар муҳокима шуданд.                    З.Муҳаббатов ба ҳамсӯҳбаташ дар бораи ҳамкории Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо корхонаю муассисаҳо, донорҳо ва ҷамъиятҳои ҳилоли аҳмари мамлакатҳои дигар маълумоти муфассал дод. Вай пешниҳод кард, ки таҷрибаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Кувайт дар Тоҷикистон дар соҳаҳои пешгирии бемориҳои сирояткунанда, аз ҷумла, ВИЧ/СПИД, бартараф сохтани оқибати фалокатҳои табиӣ ва расондани кӯмак ба гурӯҳҳои камбизоати аҳолӣ имстифода карда шавад.

Февраль 12, 2009 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд