ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН ДАР СОҲАҲОИ САНОАТ ВА ЭНЕРГЕТИКА ВУСЪАТ М

Февраль 6, 2009 17:09

                   Душанбе, 6 феврал. АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ 5 феврал бо вазири тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон Саидмасъуди Мирқозимӣ мулоқот кард. Мусоҳибон зимни сӯҳбат ба баъзе масъалаҳои муҳимтарини ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва саноат дахл намуданд. Аз ҷумла, масъалаҳои тезонидани суръати сохтмони НБО «Сангтӯда — 2» ва таҳияи ҳуҷҷатҳои техникию иқтисодии сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли барқи 500 — киловатта дар қитъаи «Роғун — Сангтӯда — Курз — Мазори Шариф — Ҳирот — Машҳад» муҳокима шуданд.                  Ҳамчунин масъалаи бунёди корхонаи муштарак дар заминаи Ҷамъияти саҳҳомии «Чароғ» бо иштироки корхонаи «Озарнур» — и Эрон барои истеҳсоли чароғҳои каммасрафи барқӣ ва корхонаи муштарак барои истеҳсоли трансформаторҳои баландшиддат дар заминаи ҷамъияти «Трансформатор» бо иштироки корхонаи «Эронтрансфор» диққати калон дода шуд.                 Паймон карда шуд, ки дар заминаи Корхонаи воҳиди давлатии «Востокредмет» бо иштироки ширкати эронии «Сайпо» корхонаи муштараки истеҳсоли мошинҳои боркаш кушода шавад. Ғайр аз ин дар корхонаи муштараки «Тоҷирон» истеҳсоли навъҳои нави тракторҳо ва техникаи кишоварзӣ зиёд карда хоҳад шуд. Ҳар ду ҷониб дар фарҷоми мулоқот паймон карданд, ки барои ҳалли проблемаҳои сармоягузорӣ ва тиҷорат дар байни Тоҷикистону Эрон кумитаи муштарак созмон дода шавад.                                                                                                                                             Тарҷумон — Қудратов А.

Февраль 6, 2009 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад