ҲАРАКАТИ МСОФИРКАШҲОИ ХУРД ДАР ПОЙТАХТ МАНЪ КАРДА МЕШАВАД

Февраль 6, 2009 10:31

                 Душанбе, 6 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Аз 9 феврали соли 2009 ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии навъи сабукрави тамғаҳои «Дамас», «Чанху», «Хафей» ва ғайра, ки тавассути онҳо мусофир кашонида мешавад, дар хиёбонҳои И.Сомонӣ (аз чорроҳаи И.Сомонӣ-Ғафуров то бурриши хиёбони Рудакӣ), Н.Қарабоев (аз бурриши кӯчаи А.Фирдавсӣ то бурриши кучаи С. Шерозӣ (Сирк)-и пойтахт), манъ карда мешавад. Дар ин хусус Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор кард.                 Котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ин тадбир бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёти автомобилии мусофиркаш ва танзими онҳо дар роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе андешида шудааст.               Дар робита ба ин қарор муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон»-и шаҳри Душанбе вазифадор карда шудааст, ки талаботи мусофиронро барои хизматрасонии нақлиётӣ бо миқдори зарурии нақлиёт тибқи реҷаи корӣ ва ҷадвали мувофиқанамудаи замимагардида дар хатсайрҳо бо роҳбарони корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1» (Саидов Ф.Ҳ.), «Автобус-2», (Ёрова З.М.) «Автобус-3», «Троллейбус» (Гулов Т.Ш.), пурра таъмин намояд.               Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон»-и пойтахт ва Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи наклиёт дар шаҳри Душанбе вазифадор гардиданд, ки бо назардошти талаботи банди 1-и Қарори мазкур дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори шаҳрӣ, ба хатсайрҳои воситаҳои нақлиётии дар хиёбонҳои И.Сомонӣ ва Н.Қарабоев фаъолияткунанда тағйирот ворид намуда, хатсайрҳои дигарро ба соҳибкорон пешниҳод намоянд.   

Февраль 6, 2009 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад