ҲИНДУСТОН ҚАРОР ДОД, КИ БАРОИ МАШҚҲОИ ТАБОБАТИИ ЙОГА ПАТЕНТ ГИРАД

Февраль 24, 2009 11:05

                Деҳли, 24 феврал. (АМИТ «Ховар» — Лента. Ру). — Ҳиндустон қарор дод, ки ҳуқуқҳои худро барои офаридани машқҳои табобатии йога қонунӣ гардонад. Барои ин комиссияи махсус ташкил карда шуд, ки ба он бештар аз 200 нафар олими соҳаи тиб ва мутахассисони машқҳои табобатии йога шомил гардиданд. Олимон машқҳои гуногуни анъанавии табобатиро ба қайд гирифта, ҳуқуқи муаллифии мамлакатро ба онҳо қонунӣ мегардонанд. Ҳамин тариқ, Ҳиндустон ният дорад, ки анъанаи тиббии худ ва расму оинҳои ба онҳо вобастабударо аз муносибатҳои тиҷоратӣ ҳифз кунад. Бояд гуфт, ки айни ҳол машқҳои табобатии йога дар мамлакатҳои Аврупо ва ИМА хеле паҳн гардидаанд ва даромади солонаи онҳо дар як сол аз 225 миллиард доллари ИМА зиёд мебошад.                 Вале табибони ҳиндӣ барои машғулиятҳои табобатии йога аз мизоҷон пул намегиранд. Қайд карда мешавад, ки дар мамлакатҳои ғарб талабот ба ин машқҳо афзуда, мактабҳои махсуси йога ташкил намуда, соҳибони онҳо барои гузаронидани машқҳо патент мегиранд.                 Танҳо дар ИМА ба 130 мактаби таълимоти йога патент дода шуда, барои навъҳои гуногуни машқҳои мазкур 150 сертификати ҳуқуқи муаллифӣ дода шудааст. Илова бар ин, айни ҳол дар Амрико 2300 мактаби йога фаъолият дорад. Мутахассисони ҳиндӣ даъво доранд, ки табибони мамлакатҳои ғарб дар амал машқҳои табобатии йогаи ҳиндиро истифода бурда, бо ин роҳ маблағи калон ба даст меоранд.  

Февраль 24, 2009 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид