ҲОДИСАҲОИ ФАВҚУЛОДА ДАР РЕСПУБЛИКА

Февраль 25, 2009 09:46

                   Душанбе, 25 феврал. (АМИТ «Ховар» Жасмин Назарова). Тавре аз дафтари матбуоти Кумитаи давлатии ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 23 феврали соли ҷорӣ дар натиҷаи фаромадани тарма дар километрҳои 6, 7, 22, 34 ва 43 рохи Хоруғ-Ишкошим, километри 411 Шохроҳи Душанбе-Xopyғ дар мавзеи Шодмони ноҳияи Дарвоз, роҳи автомобилгард баста шуд.                   Айни ҳол аз сабаби бад будани боду ҳаво ва хавфи фаромадани тарма корҳои тозакунӣ ғайриимкон аст.                   Барои бартараф кардани ҳодиса техникаи хадамоти нақлиёти ноҳияи Варзоб ва 4 адад техникаи Ширкати хитоии «Chinа road» сафарбар карда шудаанд. Бо кумаки наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон одамон ба ҷои бехавф интиқол дода шуда, аз тарафи Кумита ба онҳо хӯрока расонида шуд.                  Корҳои бартарафсозӣ идома дорад. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.                  Дар минтакаи Рашт бошад, тибқи иттилои дастрасгардида дар натиҷаи боришоти зиёди барфу борон 12 хоҷагии ноҳияи Рашт зарар дид.                 Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия мазкур барои муайян намудани ҳаҷми хисорот фаъолият карда истодааст.  

Февраль 25, 2009 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид