ҲОМИЁНИ ОЯНДАИ ВАТАН ТАҶРИБА МЕОМӮЗАНД
Душанбе, 17 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар остонаи 16-умин солгарди таҷлили Рӯзи Артиши миллии кишвар Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе чорабиниҳои гуногунро баргузор менамояд. Яке аз онҳо вохӯрии ҷавонон ва мактабиёни пойтахт бо ҳаёти аскарону афсарони қисмҳои низомии мустақар дар пойтахт мебошад. Чунин вохӯрии судманд ва фаромӯшнопазир дар қисмҳои низомии 08010 ва 10040-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки беш аз 250 нафар хонандагони синфҳои болоии ноҳияҳои Сино ва Фирдавсии пойтахт бо ҳаёти аскарону афсарони қисмҳои низомии зикршуда шинос гардиданд. Назар ба андешаи сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе Дилшод Қурбонов ин чорабиниҳо дар асоси барномаи тарбияи ватанпарастии ҷавонони шаҳри Душанбе барои солҳои 2006-2010 бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, омодагӣ ба маъракаи тодаъватиии онҳо ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Ҳамзамон, Д. Қурбонов афзуд, ки чунин экскурсияҳои хонандагони синфҳои болоӣ ба қисмҳои низомии дар пойтахт қарордошта, дар дигар ноҳияҳои пойтахт низ ташкил карда мешавад.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






