ҲУҶУМИ «ТОЛИБОН» БА МУАССИСАҲОИ ҲУКУМАТӢ ДАР КОБУЛ

Февраль 12, 2009 11:25

                 Кобул, 12 феврал. АМИТ «Ховар» — Евронюс). — Силоҳбадастони ҷунбиши «Толибон» субҳи рӯзи чоршанбе ба гурӯҳҳои алоҳида тақсим шуда, дар маркази пойтахти Афғонистон — шаҳри Кобул якбора ба чанд муассисаи ҳукуматӣ ҳамла оварданд. Дар натиҷаи ин ҳуҷум 26 нафар ҳалок ва қариб 60 нафар маҷрӯҳ шуд. Инчунин, 7 нафар террористи фидоӣ кушта шуд.                Ҷунбиши «Толибон» масъулияти ин ҳуҷумҳоро ба зиммаи худ гирифт. Шореҳони сиёсӣ ба он таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд, ки амалиёти мазкур як рӯз пеш аз сафари намояндаи махсуси Президенти ИМА Ричард Холбрук ба Кобул анҷом дода шуд. Баъзе коршиносон изҳор мекунанд, ки амалиёти дирӯз дар Кобул анҷомдодашуда аз бисёр ҷиҳат ба амалиёти террористии дар маркази вилояти Мумбаи Ҳиндустон суратгирифта шабоҳат дорад.                                                                                                                                   Тарҷумон — Қудратов А.  

Февраль 12, 2009 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид