ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ФИЗИКИЮ МАТЕМАТИКӢ
Душанбе, 3 феврал. АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина ). — Дар шаҳри Алмаато олимпиадаи физикию математикии наврасон анҷом ёфт. Дар он аз Тоҷикистон 14 талабаи гимназия — интернати муштараки Тоҷикистону Русия ва Маркази ҷумҳуриявии бачагони боистеъдод ширкат варзиданд. Директори гимназияи мазкур Абдуфаттоҳ Ҳотамов зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» зикр намуд, ки талабагони тоҷик дар ин олимпиада ширкат варзида, натиҷаҳои назаррас ба даст оварда натавонистанд. Ба қавли ӯ, бисёр талабагони тоҷик дар арафаи олимпиада шамол хӯрда, бемор шуданд. Хабар дода мешавад, ки аз рӯи натиҷаҳои олимпиада ҷои аввалро талабагони гимназияи назди Д,онишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.Ломоносов соҳиб гардиданд. Талабаи синфи 11 — уми гимназия — интернати муштараки Тоҷикистону Русия Олимҷони Пираҳмад дар олимпиада медали биринҷӣ ба даст овард.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






