ҶАВОНОНИ БОЛАЁҚАТ РАИСОНИ ШАҲРАКУ МАҲАЛЛАҲО МЕШАВАНД

Февраль 4, 2009 12:04

                Душанбе, 4 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-То 1 марти соли равон дар пойтахт интихоби раисони шаҳраку маҳаллаҳо баргузор карда мешавад. Ин масъала дар ҷаласаи шаҳрдорӣ, ки таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд, баррасӣ гардид.                М. Убайдуллоев нақши раисони шаҳраку маҳаллаҳоро дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, тозагию ободонӣ ва баланд бардоштани фарҳангӣ шарҳрдорӣ муҳим арзёбӣ кард. Мавсуф гуфт, ки бо назардошт риояи фарҳанги шаҳрнишинӣ бояд дар вазифаи раисони шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт ҷавонони дорои қобилияти баланди ташкилотчигӣ ҷалб карда шаванд.                Вобаста ба ин то моҳи марти соли равон дар пойтахт интихоби раисони шаҳраку маҳаллаҳо баргузор карда мешавад.                Собиқ раисони шаҳраку маҳаллаҳо, ки синнашон ба нафақа расидаанд ё солхӯрдаан, ба ҳар кадоме аз фонди захиравии Раиси шаҳр барои хизматҳои арзандаашон 500 сомонӣ супорида мешавад. Инчунин, аз тарафи раисони ноҳияҳо ба онҳо тӯҳфаҳо тақдим карда хоҳад шуд  

Февраль 4, 2009 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад